5 МЛН. ЕВРО БАРОИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБӢ
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси дастгоҳи ноҳияи Мурғоб, Ҳукумати Олмон барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар ноҳияи Мурғоб 5 млн. евро ҷудо намудааст. Аини замон, ягона нерӯгоҳи барқи обӣ дар ноҳия 160 кВт нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Ба гуфти сармуҳандиси нерӯгоҳ, баробари аз нав таҷдид намудани нерӯгоҳи амалкунанда иқтидори он ба 800 кВт расонида мешавад. Нерӯгоҳи нав дорои 2000 ҳазор кВт соат буда, дар паҳлӯи нерӯгоҳи пешина сохта мешавад. Сохтмони нерӯгоҳи нав аз моҳи сентябр оғоз мегардад, ки баробари сохта ба истифода додани нерӯгоҳи нав ва таҷдиди нерӯгоҳи пешина аҳолии ноҳия пурра бо барқ таъмин гардида, сӯзишвории маҳалӣ — тарсек, ки асосан маводи ғизоии ҳайвонот аст сарфа карда мешавад. Нерӯгоҳи нав барои коркарди ашёи хоми саноатӣ — пӯсту пашм мусоидат карда, барои рушди соҳибкорӣ имкониятҳои фаровон ба вуҷуд меорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






