АМАЛИ КОМИССИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва идораҳои зертобеи он комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо амал мекунад, ки дар асоси қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудаанд. Бино ба гуфти директори Агентии сохтмон ва меъморӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ дар асоси нақша – чорабиниҳо корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ,машварат ва сӯҳбатҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тарбияи худшиносӣ, моҳияти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ ҳангоми баргузории маъракаҳо, ки аз тарафи комиссияҳо тартиб дода шудаанд, аз ҳисоби маблағҳои сарфашудаи маъракаҳо ба кӯдакони бепарастори мактаб – интернатҳо ва ҷавонони болиғи камбизоат кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ мерасонанд. Кӯмаки то моҳи майи соли ҷорӣ расонидаи Агентии сохтмон ва меъморӣ аз ҳисоби маблағҳои сарфашудаи маъракаҳо ба кӯдакони ноқисулақли мактаб – интернати шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 12 ҳазору 250 сомониро ташкил дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






