«АМОНАТБОНК» ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНРО ЭЪЛОН НАМУД
Душанбе,18 май. (АМИТ «Ховар», Миралӣ Амонов).-Сарфилиали бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо дар назардошти зиёд шудани ариза ва муроҷиати шаҳрвандон дар шӯъбаҳо ва оҷонсиҳои шаҳру ноҳияҳо ҳар рӯзи шанбе қабули шаҳрвандонро эълон кард. Дар нахустин қабули шаҳрвандон, роҳбарияти бонк ба пурсишҳои аҳолӣ роҷеъ ба сари вақт додани нафақаҳои нафақахӯрон, гузаштан ба усули пардохти нафақа бо корти пластикӣ, масъалаи фоизу намудҳои пасандозҳо, гирифтани қарзҳои гуногуни бонкӣ ва дастрасии онҳо ба ҳамаи ниёзмандон посух доданд. Яке аз масъалаҳое, ки ба миён гузошта шуд, кушодани оҷонсиҳо дар деҳаҳои дурдаст буд ва дар муддати кӯтоҳ ҳал шудани ин масъаларо роҳбарияти сарфилиали «Амонатбонк» дар вилояти Суғд изҳор доштанд. Хамчунин, шаҳрвандон – хатмкардани муассисаҳои таълимии олӣ оид ба қабули шаффофу объективӣ ба кор арз доштанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






