«АМОНАТБОНК» ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОНРО ЭЪЛОН НАМУД

Май 18, 2010 10:28

Душанбе,18 май. (АМИТ «Ховар», Миралӣ Амонов).-Сарфилиали бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо дар назардошти зиёд шудани ариза ва муроҷиати шаҳрвандон  дар шӯъбаҳо ва оҷонсиҳои шаҳру ноҳияҳо ҳар рӯзи шанбе қабули шаҳрвандонро эълон кард. Дар нахустин қабули шаҳрвандон, роҳбарияти бонк ба пурсишҳои аҳолӣ роҷеъ ба сари вақт додани нафақаҳои нафақахӯрон, гузаштан ба усули пардохти нафақа бо корти пластикӣ, масъалаи фоизу намудҳои пасандозҳо, гирифтани қарзҳои гуногуни бонкӣ ва дастрасии онҳо ба ҳамаи ниёзмандон посух доданд. Яке аз масъалаҳое, ки ба миён гузошта шуд, кушодани оҷонсиҳо дар деҳаҳои дурдаст буд ва дар муддати кӯтоҳ ҳал шудани ин масъаларо роҳбарияти сарфилиали «Амонатбонк» дар вилояти Суғд изҳор доштанд. Хамчунин, шаҳрвандон – хатмкардани муассисаҳои таълимии олӣ оид ба қабули шаффофу объективӣ ба кор арз доштанд.  

Май 18, 2010 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид