«АМОНАТБОНК» БА ҲАШТЯК ФИНАЛ БАРОМАД
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Чандест, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футбол байни дастаҳои ташкилоту муассиса ва вазоратҳои кишвар дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе идома дорад. Сабқати мазкур бахшида ба 65-солагии солгарди Ғалаба ва Рӯзи ҷавонон бахшида шуда, рӯзи 23 июни соли 2010 ҷамъбаст мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дастаи футболи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» то имрӯз се бозӣ гузаронида, миёни шариконаш дар гурӯҳ дастболо гаштаанд. Бозии охиринро футболбозони Амонатбонк бо дастаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ доир намуда, бо ҳисоби шаш бар як ғолиб омаданд. Муаллифони тӯбҳо Шамшод Ниятбеков капитан ва яке аз бозингарони моҳири даста Имомиддин Наимов буданд, ки каҳрамонони бозии номбурда маҳсуб меёбанд. Ш. Ниятбеков сарварии Шӯъбаи интиқоли маблағҳои Дастгоҳи марказӣ ва И. Наимов сарварии Идораи амалиётии филиали №04 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе будаи Амонатбонкро ба ӯҳда доранд. Эшон дар баробари фаъолияти хуб дар Бонк дар корҳои ҷамъиятию варзишӣ низ фаъолона ширкат менамоянд. Бояд гуфт, ки бозии навбатии фуиболбозони Амонатбонк бо дастаи Раёсати хизмати давлатӣ рӯзи 15 май баргузор мегардад. Аҳли даста тасмим гирифтаанд бар ҳарифи навбатӣ низ дастболо гашта, шарафи бонкро дар зинаҳои боло ҳимоя намоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






