«АМОНАТБОНК» БАРОИ ОФАТЗАДАГОНИ КӯЛОБ ҲАФТ ХОНА МЕСОЗАД
Душанбе, 21 мая. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова ба маҳалли ҷудошуда барои сохтмони манзилгоҳҳо ба офатзадагони шаҳри Кӯлоб, дидан намуда, аз мавзеи ҷудошуда барои сохтмони ҳафт хонаи истиқоматии пештар ба зимма гирифтаи Бонк, аввалин шуда миёни дигар ташкилоту корхонаҳо, ҳусни оғоз бахшиданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», аз хадамоти матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ доданд, «Амонатбонк» тасмим гирифтааст, ки барои оилаҳои беманзилмонда аз офати табии шаҳри Кӯлоб ҳафт манзили истиқоматӣ бо тамоми лавозимоти рузғораш сохта ба истифода диҳад. Тибқи лоиҳаи нақшаи сохтмонии омоданамудаи бонк барои сохтмон ва муҷҷаҳазонидани як хонаи истиқоматӣ ҳудуди 140-145 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад ва дар маҷмӯъ маблағи сохтмони мазкур зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин Раёсати бонк сайъу кӯшиши зиёд менамояд, ки сохтмони манзилгоҳҳои мазкур дар мӯҳлати муайяннамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба анҷом расонида шуда, аҳолии то мавсими сардиҳо бо хонаҳо таъмин карда шаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






