«АМОНАТБОНК» БАРОИ ОФАТЗАДАГОНИ КӯЛОБ ҲАФТ ХОНА МЕСОЗАД

Май 21, 2010 16:11

Душанбе, 21 мая. (НИАТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). —   Раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова ба маҳалли ҷудошуда барои сохтмони манзилгоҳҳо ба офатзадагони шаҳри Кӯлоб, дидан намуда, аз мавзеи ҷудошуда барои сохтмони ҳафт хонаи истиқоматии пештар ба зимма гирифтаи Бонк, аввалин шуда миёни дигар ташкилоту корхонаҳо, ҳусни оғоз бахшиданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», аз хадамоти матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ доданд, «Амонатбонк» тасмим гирифтааст, ки барои оилаҳои беманзилмонда аз офати табии шаҳри Кӯлоб ҳафт манзили истиқоматӣ бо тамоми лавозимоти рузғораш сохта ба истифода диҳад. Тибқи лоиҳаи нақшаи сохтмонии омоданамудаи бонк барои сохтмон ва муҷҷаҳазонидани як хонаи истиқоматӣ  ҳудуди 140-145 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад ва дар маҷмӯъ маблағи сохтмони мазкур зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин Раёсати бонк  сайъу кӯшиши зиёд менамояд, ки сохтмони манзилгоҳҳои мазкур дар мӯҳлати муайяннамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба анҷом расонида шуда, аҳолии то мавсими сардиҳо бо  хонаҳо таъмин карда шаванд.      

Май 21, 2010 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст