«АСКАРОНИ ҚАТОРӢ» АЗ ТАРАФИ МУХЛИСОН ХУБ ПАЗИРУФТА ШУД

Май 6, 2010 11:52

Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 65-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ як қатор чорабиниҳои фарҳангиро ба нақша гирифтааст, ки ҳоло дар театрҳо ва толорҳои консертии кишвар баргузор гардида истодаанд. Аз ҷумла, дар доираи Озмуни минтақавии театрҳои халқӣ ва хаваскорони санъат таҳти унвони «Родмардони Ватан» имрўзҳо дар театрҳои пойтахт низ як зумра намоишномаҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Ҳамин тариқ,  5-уми май дар Театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов намоишномаи «Аскарони қаторӣ»-и Алексей Дударов дар таҳияи Низом Меликов доир шуд. Бинобар иттилои директори театр Саид Абдуллоев намоишномаи мазкур аз тарафи мухлисони санъати тоҷик хеле хуб пазируфта шуд ва бо дархости онҳо 7-8 май ин намоишнома дар Театри ҷавонон такроран намоиш дода мешавад. Бояд гуфт, ки намоишномаи «Аскарони қаторӣ» инъикосгари майдони ҷанг буда, бори аввал 5 сол пеш дар театри давлатии русии ба номи Вл. Маяковский ба саҳна гузошта шуда буд. Ҳамчунин, рўзи 6-уми май дар театри давлатии русии  ба номи Вл. Маякоский намоишномаи «Маро тарк накун», 9-уми май дар театри давлатии академӣ- драмавии ба номи А. Лоҳутӣ намоишномаи «Ориёӣ» пешкаши ҳаводорон карда мешаванд. Ғайр аз ин, дастаҳои ҳунарии тобеи вазорат рўзи 6 май дар  шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ва  8-уми май дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев барномаи консертӣ доир мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.  

Май 6, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад