АЗ ҲАБСХОНА БАРОМАДА ДАСТ БА ДУЗДӢ ЗАД

Май 31, 2010 16:20

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи И. Сомонӣ аризаи шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Мирзохон Фиамак Меҳдӣ соли таваллудаш 1982, муваққатан истиқоматкунандаи пойтахт, ворид гардид. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи  27 майи соли равон шахсони номаълум бо тариқи кушодани қулфи дар вориди хона шуда, аз он ҷо 1 адад таҷҳизоти компютерӣ, ҷавоҳироти тиллоӣ ва қисман ашёи хона, ки ҷамъ ба маблағи 1 ҳазору 320 сомонӣ дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи И. Сомонӣ шаҳрванд Умед Мирзоев, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ш. Душанбе пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ доғи судӣ дорад, дастгир карда шуд. Хамчунин тафтишот муайян намуд, ки шаҳрванд У. Мирзоев аввали моҳи апрели соли равон бо тариқи дуздӣ аз хонаи истиқоматии шаҳрванд Дилафрӯз Собирова, соли таваллудаш 1972, сокини пойтахт, ҷавоҳироти тиллоӣ ҷамъ ба маблағи 2000 доллари ИМА дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Аз ӯ далели шайъи қисман гирифта шуда нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.  

Май 31, 2010 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад