АЗ БУНБАСТИ КОМУНИКАТИСОНӢ РАҲО ГАШТЕМ

Май 21, 2010 13:00

ВМКБ, 21 май. (АМИТ «Ховар» Лутфишо Додо).- Дар Паёми навбатии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи давлати тоҷикон раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Тавре сардори хоҷагии автомобилии ВМКБ, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ Шамсмуҳаммад Назриев гуфт,  баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар ин самт тағироти куллие рӯи кор омад. Роҳҳои Кӯлоб-Дарвоз, Хоруғ-Мурғоб-Кулма бунёд ёфтанд, се адад пул  аз болои рӯдхонаи Панҷ сохта шуда, Бадахшони Тоҷикистону Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо ҳам пайваст гардиданд. Имрӯзҳо назди ин пулҳо бозорҳои марзӣ фаъолият менамоянд. Маскунони вулусволиҳои Дарвоз, Шуғнон, Ишкошими Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имконият пайдо намуданд, ки молҳои ниёзи аввалро аз Тоҷикистон харидорӣ намоянду дар навбати худ барои мардуми мо маводи дигари заруриро фӯрушанд. Имрӯз дар мавзеи Хумроғи ноҳияи Ванҷ бунёди пули ҷаҳорум аз болои рӯдхонаи Панҷ идома дорад. Ҳоло такягоҳи соҳили рости пул бардошта шуда, дар соҳили чап корҳои бетонрезӣ идома доранд. Ин иншоот яке аз калонтарин пули мошингард дар ВМКБ маҳсуб меёбад, ки 220 метр дарозӣ дорад. Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилии ВМКБ 2691км роҳҳои вилоятро нагаҳдорӣ менамоянд, ки 1292 километри онро роҳҳои мошингард дар кулли мавзеҳои вилоят дар ҳолат хуб қарор доранд.            

Май 21, 2010 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад