БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ Э. РАҲМОН М. АЛИМАРДОН ТЕЛЕФОНӢ ҲИСОБОТ ДОД.
22 майи соли 2010 Муовини Сарвазири мамлакат, Раиси комиссияи давлатӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Муродалӣ Алимардон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кўлоб оид ба корҳои фаврии барқарорсозӣ ва ободонии мавзеъҳои аз офати табиӣ харобгашта телефонӣ ҳисобот дод. Зикр гардид, ки баҳри ба маҷрои пешинаи худ баргардондани дарёҳои Сурхоб, Ёхсу ва Тебалай, барқарор намудани соҳилҳо ва саддҳои рахнашуда, тоза кардани каналу заҳбурҳо ва оғози сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои нав барои аҳолии бесарпаноҳмонда корҳо бо сифат ва суръати баланд ба роҳ монда шудаанд. Мардуми хонаҳояшон вайроншуда дар ҷойҳои муваққатии зист ҷойгир шуда, бо шароити зарурӣ, аз ҷумла хўроки гарм ва хизматрасонии тиббӣ таъмин гаштаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Муродалӣ Алимардон оид ба сафарбар намудани сохторҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ баҳри ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дар мўҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расондани сохтмони маҳаллаҳои нави истиқоматӣ бо тамоми шароити муосири зиндагӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҳамчунин ҳисоботи раисони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён Холмурод Раҳмонов ва Абдумуъмин Улфатовро телефонӣ шунида, дар назди онҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва кўмаку ғамхорӣ кардан ба мардуми зарардида вазифаҳои мушаххас гузошт.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






