БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ Э. РАҲМОН М. АЛИМАРДОН ТЕЛЕФОНӢ ҲИСОБОТ ДОД.

Май 22, 2010 15:28

           22 майи соли 2010 Муовини Сарвазири мамлакат, Раиси комиссияи давлатӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Муродалӣ Алимардон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кўлоб оид ба корҳои фаврии барқарорсозӣ ва ободонии мавзеъҳои аз офати табиӣ харобгашта телефонӣ ҳисобот дод.        Зикр гардид, ки баҳри ба маҷрои пешинаи худ баргардондани дарёҳои Сурхоб, Ёхсу ва Тебалай, барқарор намудани соҳилҳо ва саддҳои рахнашуда, тоза кардани каналу заҳбурҳо ва оғози сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаҳои нав барои аҳолии бесарпаноҳмонда корҳо бо сифат ва суръати баланд ба роҳ монда шудаанд. Мардуми хонаҳояшон вайроншуда дар ҷойҳои муваққатии зист ҷойгир шуда, бо шароити зарурӣ, аз ҷумла хўроки гарм ва хизматрасонии тиббӣ таъмин гаштаанд.         Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Муродалӣ Алимардон оид ба сафарбар намудани сохторҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ баҳри ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дар мўҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расондани сохтмони маҳаллаҳои нави истиқоматӣ бо тамоми шароити муосири зиндагӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.         Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрўз ҳамчунин ҳисоботи раисони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён Холмурод Раҳмонов ва Абдумуъмин Улфатовро телефонӣ шунида, дар назди онҳо оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва кўмаку ғамхорӣ кардан ба мардуми зарардида вазифаҳои мушаххас гузошт.  

Май 22, 2010 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид