БАДАХШОН ОБОД МЕШАВАД
Хоруғ, 13 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба тайёрӣ мебинанд. Барои иҷрои нақшаҳои тайёрӣ ба ҷашн аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 162 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҳоло дар минтақаҳои гуногуни вилоят сохтмон ва таъмири 262 бино ва иншоот давом дорад. Аз ҷумла дар ноҳияи Рӯшон ба шарафи ҷашн 47 муассиса, дар шаҳри Хоруғ 44 муассиса, дар ноҳияи Дарвоз 44 муассиса, дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон 36 – тои муассиса ба истифода дода хоҳад шуд. Дар сохтмони ин иншоотҳо мутахассисони хориҷӣ низ саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, ширкати сохтмонии «Мега группа» — и шаҳри Истамбули Туркия дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳ бунёд менамояд. Дар доираи тайёрӣ ба ҷашни Ваҳдат дар шаҳри Хоруғ таъмири бозори марказӣ оғоз ёфт. Тибқи нақша дар ин ҷо танҳо маводи ғизоӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Дар бозори мазкур кушодани 100 дӯкон ба нақша гирифта шудааст. Муҳаррир Қудратов А.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






