БАРНОМАИ КОНСЕРТӢ БАХШИДА БА 65-СОЛАГИИ КОЛЛЕҶИ САНЪАТ

Май 31, 2010 16:40

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-1-июни соли равон бахшида ба 65-солагии Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дар толори Театри академии Опера ва балети ба номи С. Айнӣ консерти ҳисоботии донишҷўёну устодони коллеҷ баргузор мегардад. Барномаи консертӣ таҳти роҳбари бадеӣ – А. Шарипов, роҳбари мусиқӣ – И. Мастонов ва коргардон Ш. Низомов таҳия шуда, донишҷўён аз эҷодиёти шоирони ватаниву хориҷӣ сурудҳои омодакардаи хешро пешкаши тамошобинон менамоянд. Шеърҳои «Тоҷикистон» аз М. Ҳайдаршо, «Душанбе» аз Б. Раҳимзода, «Насими Ватан» аз Ҳ. Пиров, «Сайри чаман» ғазалҳои Бедил, Соиб, «Рондо» аз В. Моцарт, «Фантазия каприс» аз Ф. Менделсон, «Баргард ба Соренто» аз Э. Куртис ва ғайра репертури консертро ташкил медиҳанд. Бояд ёдрас шуд, ки соли 1945 бо кўшишу ғайрати зиёиёни пешқадам ва намояндагони санъат дар шаҳри Душанбе омўзишгоҳи мусиқӣ дари худро ба рўи ҳаводорону навомўзони хеш боз намуд. Ба шароити вазнини баъдиҷангӣ нигоҳ накарда, соли 1948 омўзишгоҳи мусиқӣ, ки дар бинои Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ қарор дошт, ба аввалин хатмкунандагони худ – оҳангсоз Я. Сабзанов ва пианинонавоз Е.В.Максимович диплом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд.      

Май 31, 2010 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад