БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 6 майи соли 2010 мулоқоти муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Юлдошев бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалоҳои консулӣ ва робитаҳо бо Маҷлис Ҳасан Қашқовӣ баргузор гардид. Ҳамсӯҳбатон масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин иҷроиши лоиҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитариро баррасӣ ва роҳҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро муҳокима намуданд. Дар рафти мулоқот инчунин оид ба соири масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мебошанд, мудобилаи афкор сурат гирифт. Дар мулоқот муовини Вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмонова ва Сафири Фавқулъода ва Мухтори Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст низ ҳузур доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






