БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН

Май 31, 2010 16:46

Душанбе,  31 май. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). —  1 – 2  июли  соли  2010  дар  пойтахти  Ҷумҳурии  Қазоқистон  — шаҳри  Остона  анҷумани  сеюми   ҳарсолаи  иқтисодӣ  баргузор  мегардад.  Дар он   мавзӯи «Оқибатҳои бӯҳрони   шадиди  молиявӣ  ва  роҳу  усулҳои  рушди  иқтисодиёт дар  шароити   ҷаҳонишавӣ»  муҳокима  карда  мешавад.  Яке  аз ҳадафҳои  анҷумани  мазкур   ташкили  конгреси  тиҷоратии  мамлакатҳои  Евразия   мебошад, ки  мақсади он  вусъат  бахшидани  равобити  мутақобилан  муфиди  тиҷоратию  иқтисодӣ  ва  ҳамкории  мамлакатҳои  минтақа  дар  соҳаҳои  гуногуни  иқтисодиёт  мебошад. Иштирокчиёни анҷуман инчунин  роҳу  усулҳои   рушди  устувори   иқтисодиёти  ҷаҳонро дар  давраи   баъди  бӯҳрон  баррасӣ  хоҳанд  кард. Имсол  дар  анҷуман   зиёда  аз  2  ҳазор  намояндаи   доираҳои  сиёсию  тиҷоратии  бештар  аз  50  мамлакати  ҷаҳон,  аз ҷумла,  коршиносону  олимон   ва  намояндагони  воситаҳои  ахбори оммавӣ  иштирок  хоҳанд  кард. Дар  анҷуман  Президенти  Ҷумҳурии Қазоқистон  Нурсултон  Назарбоев, Муншии  умумии  САҲА Марк Перрен де  Бришамбо,  барандаи  ҷоизаи   нобелӣ  дар  соҳаи  иқтисодиёт  дар  соли  2004  Фин  Кидланд,  баранҷаи  ҷоизаи нобелӣ  дар  соҳаи  иқтисодиёт  дар  соли  1999  Роберт  Мандела,  ноиби  аввали  раиси академияи  байналмилалии   тахсисот,  директори пажӯҳишгоҳи  тадқиқоти  стратегии   проблемаҳои  ҳамгироии  ҷомеаи  иқтисодии  Евразия,  академики  Академияи  илмҳои  Русия  Анатолий  Спитсин  ширкат  меварзанд. Дар  доираи  анҷуман   мулоқоти   соҳибкорону  тоҷирон  гузаронида  мешавад, ки  дар  он   бештар  аз  300  намояндаи  мамлакатҳои гуногун  иштирок  хоҳанд  кард.

Май 31, 2010 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад