БОРОНҲОИ ПАЙ ДАР ПАЙ ХИСОРОТИ ЗИЁДИ МОДДӢ РАСОНИД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ бар асари офатҳои табиӣ боришоти боронҳои пай дар пайи моҳи майи соли равон фаромадани ярч, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо ва омадани сел ба манзили зисти шаҳрвандон, иншооти иқтисодӣ ва маъмурӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, системаи комуналии 26 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисороти зиёди моддӣ расидааст. Тавре корманди маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, зиёда аз 18 ҳазор одамон бе манзили зист монданд. Инчунин офатҳои табиӣ сабабгори гирифтани ҷони 22 нафар шаҳрвандон шуд. Ӯ афзуд, ки дар мавзеи варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб шаҳрчаи хаймавӣ бо теъдоди 262 адад ва берун аз он 388 адад хайма аз тарафи ҳайати шахсии Кумитаи мазкур омода карда шуд. Дар маҷмӯъ то 15 май 665 адад хайма барои 4 ҳазору 899 одам омода кардаанд. Бояд қайд кард, ки танҳо дар вилояти Хатлон бар асари офати табиӣ 301 манзили истиқоматӣ пурра зарар дида ва 471 манзили истиқоматӣ қисман зарар диданд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ айни замон барои бартарафкунии оқибати офати табиӣ дар минтақаҳои осебзада зиёда аз 120 адад техника, барои корҳои барқароркунии кӯпрукҳо ва роҳҳо дар минтақаи Кӯлоб 48 адад техника ва механизмҳои роҳсозӣ сафарбар шудаанд. Ёдовар мешавем, ки зиёда аз 40 шаҳру ноҳия, вазорату кумита ва шахсони алоҳида ба аҳолии аз офати табиӣ зарар дида, кӯмак намуда истодаанд. Инчунин аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ низ кӯмак дастрас шуда истодааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






