ЧАРО МАҲСУЛОТИ ИСТЕҲСОЛИ НОБИНОЁНРО НАМЕХАРАНД?

Май 24, 2010 14:29

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор нобиноён ва шахсони дорои касалиҳои чашм ба қайд гирифта шудааст, ки дар қатори бекорӣ бештари нобиноёни синни мактабӣ ба таълим фаро гирифта нашудаанд. Ягона манбаи даромади нобиноён нафақаи эшон аст. Тавре дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» раиси Ҷамъияти нобиноёни ҷумҳурӣ Турабек Давлатов гуфт:-«Дар анборҳои корхонаҳои истеҳсолии Ҷамъияти нобиноёни  ҷумҳурӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ маҳсулот  ҷамъ гаштааст, ки ин боиси афзоиши бекорӣ дар байни нобиноён гаштааст. Дар 14 корхонаи истеҳсолие, ки ба Ҷамъият тааллуқ доранд, мувофиқи ҳисобот 641 нафар нобиноён кор мекунанд, дар асл бошад, теъдоди онҳо аз 100 нафар беш нест». Т. Давлатов афзуд, ки дар шаҳри Душанбе  ҳамагӣ 6 нафар фаъолият дошта,  корхонаи ҷамъияти нобиноёни  шаҳри Кӯлоб  ба иҷора дода шудааст ва нобиноён пурра бекор мондаанд. Вазъият дар шаҳри Қӯрғонтеппа,  Истаравшан, Хуҷанд низ бад буда, дар онҳо аз 6 то 20 нафари нобиноён ба кор машғуланду халос. «Сабаби асосии бекор мондани корхонаҳои мо аз фарсуда шудани технология, бозори моро фаро гирифтани молҳои истеҳсоли хитоии арзон буда, инчунин андози суғуртаи иҷтимоии 25% имкони рушд кардани корхонаҳои мазкурро маҳдуд кардааст», — гуфт Раиси ҷамъияти нобиноён.   Ёдовар мешавем, ки аз рӯи маълумоти оморӣ маоши миёнаи нобиноёни номнависшуда дар ҷумҳурӣ  35 сомониро ташкил медиҳад.

Май 24, 2010 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд