ДАР ФАРХОР ҶАМЪОВАРИИ ҲАҚҚИ БАРҚ МУШКИЛ АСТ
Фархор, 24 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бино бар бар иттилои сардори фуруши барқи ноҳияи Фархор Маҳмадалӣ Камолов ҷамъоварии ҳаққи барқ дар ноҳия моҳ ба моҳ мушкил гардида, боиси иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии барқ мегардад. Ба гуфтаи ӯ қарзи умумии барқ то ин ҷониб ба 4 млн. 205 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. М. Камолов афзуд, қарзҳои аз ҳама бештар идораи насосҳои обёрии мошинӣ 2 млн. 712 ҳазор сомонӣ, аҳоли 1 млн. 192 ҳазор сомонӣ, заводи пахтаи «Некрӯз» 5 ҳазор сомонӣ, «Мухтор — С » 35 ҳазор сомонӣ, хоҷагии зотпарварии «Ҳисор» 19 ҳазору 389 сомонӣ, идораи оби нушокӣ 49 ҳазору 085 сомонӣ ба ҳисоб рафта аз бемасъулиятии роҳбарони ташкилоту идораҳои зикргардида то инҷониб қарзи барқ боқӣ мондааст. Маҳмадали Камолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъди ҳалномаи суди иқтисодӣ, ки маблағи 2 млн. 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад мутаасифона аз тарафи ташкилоту муассиса ва аҳоли то ин ҷониб ҳалу фасли худро наёфтааст.