ДАР КӮЛОБ КӮЧАИ «СУҒДИЁН» БУНЁД МЕШАВАД

Май 12, 2010 13:04

Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, ҷиҳати дастгирии муроҷиати Сарвари давлат оид ба дастгирии зарардигони офати табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба оилаҳои зарардида 40 хонаи нав бунёд шуда, бо тамоми ашёи рўзгораш муҷаҳҳаз тақдим хоҳанд гашт. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят Қоҳир Расулзода 11 май дар ҷаласаи корӣ бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ пешниҳод кард, ки кӯчае, ки он ҷо аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят манзилҳои истиқоматӣ бунёд мешаванд, «Суғдиён» номгузорӣ шавад.   Мавриди ёдоварист, ки дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон ба асари боришоти зиёди борон ва обхезиву омадани сел 270 хона пурра ва 800 хона қисман вайрон  шудааст. Умуман, дар минтақаи Кўлоб 453 хона пурра ва 1764 хона қисман хароб гашта, 19 мактаб, 12 беморхона, 80 пул, 531 километр  роҳҳои мошингард, 29 километр соҳилҳои дарёву каналҳо, 122 километр каналу заҳбур, 109 километр хатҳои барқу алоқа зарар дида, қариб 20 ҳазор гектар замини кишт ва боғу токзор зери лойқа ва сангу шағал мондааст.

Май 12, 2010 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад