ДАР КӮЛОБ СОХТМОНИ ХОНАҲО БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Май 26, 2010 15:53

Кӯлоб, 26 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон   Холов). — Дар   шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  беҳдошти  шароити   зисти  сокинони бар асари офати табиӣ зарадида тадбирҳои мушаххас амалӣ  гардида  истодааст. Бо дастуру супориши Сарвари давлат дар баробари ҷараёни  корҳои барқарорсозии оқибати  офати  табиӣ дар  шаҳр  барои  то  моҳи ноябри соли равон сохта ба истифода  додани  манзилҳои  нави  истиқоматӣ 140  гектар  замин  ҷудо  гардида, дар он  шаш  маҳаллаи  нав  бунёд  мегардад. Дар  қитъаҳои  ҷудогардида   ташкилотҳои  сохтмонии  шаҳри  Душанбе, вилояти Суғду Хатлон ва  ноҳияҳои  тобеи марказ ба сохтмони  манзилҳои   нав  шурӯъ  карда, тарҳрезии   биноҳо  аз  ҷониби  муассисаҳои  дахлдор  оғоз  гардид.   Бино  бар иттилои  расида  дар  ин  мавзеъ  аз  ҷониби   колоннаи  сайёри механиконидашудаи рақами 119 — шаҳри  Хуҷанд, Бонки   милии  Тоҷикистон,  бонки  давлатии  амонатгузории Тоҷикистон  «Амонатбонк» ва ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» 97 хонаи    истиқоматӣ   бо  фароҳам  овардани   шароити  зарурии  рӯзгор  сохта  ба  истифода  дода  мешавад. Мавриди зикр  аст, ки    барои  бо  оби  нӯшокӣ таъмин кардани маҳаллаҳои нав пойгаҳи обкашии хоҷагии сабзавоткории ба номи Саидҷон Назаров навсозӣ карда шуда  мутахассисони   соҳа  аллакай як истгоҳи  онро  пурра  иваз  карданд, ки  кашидани хатҳои оби нӯшокӣ дар рӯзҳои наздик ба маҳаллаҳои  нав  шурӯъ мегардад.

Май 26, 2010 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад