ДАР КӮЛОБ СОХТМОНИ ХОНАҲО БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Кӯлоб, 26 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти шароити зисти сокинони бар асари офати табиӣ зарадида тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст. Бо дастуру супориши Сарвари давлат дар баробари ҷараёни корҳои барқарорсозии оқибати офати табиӣ дар шаҳр барои то моҳи ноябри соли равон сохта ба истифода додани манзилҳои нави истиқоматӣ 140 гектар замин ҷудо гардида, дар он шаш маҳаллаи нав бунёд мегардад. Дар қитъаҳои ҷудогардида ташкилотҳои сохтмонии шаҳри Душанбе, вилояти Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба сохтмони манзилҳои нав шурӯъ карда, тарҳрезии биноҳо аз ҷониби муассисаҳои дахлдор оғоз гардид. Бино бар иттилои расида дар ин мавзеъ аз ҷониби колоннаи сайёри механиконидашудаи рақами 119 — шаҳри Хуҷанд, Бонки милии Тоҷикистон, бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва ҷамъияти саҳҳомии «Ориёнбонк» 97 хонаи истиқоматӣ бо фароҳам овардани шароити зарурии рӯзгор сохта ба истифода дода мешавад. Мавриди зикр аст, ки барои бо оби нӯшокӣ таъмин кардани маҳаллаҳои нав пойгаҳи обкашии хоҷагии сабзавоткории ба номи Саидҷон Назаров навсозӣ карда шуда мутахассисони соҳа аллакай як истгоҳи онро пурра иваз карданд, ки кашидани хатҳои оби нӯшокӣ дар рӯзҳои наздик ба маҳаллаҳои нав шурӯъ мегардад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






