ДАР МУБОРИЗА БО МАЛАХ ТАЪХИР КАРДА ШУД

Май 31, 2010 09:49

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ҷамоати  деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ Шералӣ Бобобеков, соли ҷорӣ бо сабаби сари вақт дастрас нашудани маводи кимиёвю  сӯзишворӣ барои тракторҳои дорупошии  ОВХ,   малах ба замини кишти деҳконон дар ноҳияҳои тобеи марказ таҳдид мекунад. Агар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар аввали моҳи май ҳамагӣ дар 12 ҳазор гектар  малах мушоҳида шуда бошад, рӯзҳои 27 -28 уми май аллакай  майдони парвози малах дар 20 ҳазор гектар  муайян карда шудааст, ки танҳо майдони 6 ҳазору 400 гектари он бо заҳрхимикатҳо коркард шудааст. Ба гуфти сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» Қиёмиддин Ғаниев, бо вуҷуди сафарбарии умумии аҳолӣ     нест кардани малах  бе маблағ, заҳрхимикат ва сӯзишворӣ, ки омилҳои асосии нобуди  он  маҳсуб мегарданд, имкон надорад.  

Май 31, 2010 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад