ДАР ТОҶИКИСТОН ТРАКТОРҲОИ АВРУПОӢ МЕОРАНД

Май 14, 2010 14:48

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Дирӯз дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ  Қосим Қосимов бо намояндагони ширкати «Fiat-Group» дар ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Бизнес мененжери «Fiat-Group» Огуз Куран оид ба фаъолияти ин ширкат, ки асосан  ба  истеҳсоли техникаи кишоварзӣ махсусан трактор, комбайн ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ машғул аст, маълумот дод. Ширкати мазкур  дорои 40 заводи истеҳсоли  техникаи кишоварзӣ буда, дар 160 давлати ҷаҳон фаъолият менамояд.   Дар Федератсияи Руссия низ ширкати мазкур дар ҳамкорӣ бо заводи  КАМАЗ истеҳсол карда мешавад. Ширкат омода аст, ки дар дигар давлатҳои ҷаҳон маҳсулотҳояшро ба фурӯш барорад. Дар раванди вохӯрӣ вазири кишоварзӣ иброз дошт, ки  бинобар сабаби нархи гарон доштани трактор, комбайн ва дигар мошинолотҳо,  хоҷагиҳои деҳқонӣ имкони харидорӣ надоранд, бинобарин  таъсис додани  Марказҳои хаизматрасонии техникаи кишоварзӣ  дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маврид мебошад, то ки деҳқон аз сифати хуб ва кафолати камхарҷии ин тракторҳо бохабар шавад. Намояндагони ширкат таклифи вазирро хуб пазируфта,  пешниҳод намуданд, ки  ба наздикӣ  намояндагии ширкат намоишгоҳи техника ва технологияи ширкати мазкурро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил менамоянд.    

Май 14, 2010 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд