ДАСТОВАРДИ ОЛИМОНИ СОҲАИ КИШОВВАРЗӢ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бо қарори комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 – уми марти соли 2010 навъҳои нави пахтаи миёнанахи «Зироаткор -64», ҷави «Пӯлодӣ» ва ҷуворимаккаи «Аскар» барои минтақабоб шудан пешниҳод гардиданд, ки он натиҷаи заҳмати олимони Институти зироаткорӣ дар давоми чанд соли охир аст. Ҳамзамон бо қарори комиссияи мазкур, навъҳои пахтаи миёнанахи «Ориёӣ» ва маҳиннахи «Авесто», гандуми «Садоқат», тритикали навъи «Умед» ва ҷави навъи «Ситора» ҳамчун навъҳои ояндадор ҳисобида шуданд. Раванди корҳои илмӣ дар соли ҷорӣ барои ҳалли масъалаҳои рӯзмараи кишоварзӣ оид ба 71 мавзӯъҳои илмӣ — татқиқотӣ равона карда шудаанд,- иброз дошт президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Ҳукматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар».








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






