ДАСТОВАРДИ ОЛИМОНИ СОҲАИ КИШОВВАРЗӢ

Май 4, 2010 10:18

Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бо қарори комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 – уми марти соли 2010 навъҳои нави пахтаи миёнанахи «Зироаткор -64», ҷави «Пӯлодӣ» ва ҷуворимаккаи «Аскар» барои минтақабоб шудан пешниҳод гардиданд, ки он натиҷаи заҳмати олимони Институти зироаткорӣ дар давоми чанд соли охир аст. Ҳамзамон бо қарори комиссияи мазкур, навъҳои пахтаи  миёнанахи «Ориёӣ» ва маҳиннахи  «Авесто», гандуми «Садоқат», тритикали навъи «Умед» ва  ҷави навъи «Ситора» ҳамчун навъҳои ояндадор ҳисобида шуданд. Раванди корҳои илмӣ  дар соли ҷорӣ барои ҳалли масъалаҳои рӯзмараи кишоварзӣ  оид ба 71 мавзӯъҳои илмӣ — татқиқотӣ равона карда шудаанд,- иброз дошт президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Ҳукматулло Аҳмадов ба  мухбири АМИТ «Ховар». 

Май 4, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид