ДАЪВОҲОИ Г. ОНИШЕНКО АСОСИ ВОҚЕӢ НАДОРАНД
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Тибқи хабари сафоратхонаи Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, даъвоҳои роҳбари Агентии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони ин мамлакат Геннадий Онишенко дар бораи он, ки гӯё мақомоти Тоҷикистон ба баровардани фарзандони хурдсоли шаҳрвандони дар қаламрави Тоҷикистон будаи Русия монеъ гардида бошанд, асоси воқеӣ надоранд. Дар хабари сафоратхона гуфта мешавад, ки дар қаламрави Тоҷикистон баровардани чунин гурӯҳи бачагон манъ ё маҳдуд карда нашудааст. Танҳо дар давраи рӯзҳои ид ва истироҳат, яъне аз 8 то 10 май дар робита бо баъзе сабабҳои ташкилию техникӣ дар ин масъала шояд баъзе нофаҳмиҳо рух дода бошад, гуфта мешавад дар хабари сафоратхонаи Русия.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






