ДУ ЧОРАБИНИИ БУЗУРГИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

Май 5, 2010 14:06

Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз  дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маҷлиси Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Иҷлосияи 37- уми Шўрои Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ  баргузор гардид Дар ҷаласа таъкид гардид, ки  аз 18 то 20 -уми майи соли равон  бори нахуст дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ду чорабинии бузурги Созмони конфронси исломӣ   Иҷлосияи 37-уми Шўрои Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви созмон ва эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳанги исломӣ» дар пойтахти мамлакат доир мегарданд, ки шаҳодати ба мартабаҳои баланд расидани нуфузи Тоҷикистон дар фаъолияти имрўзаи Созмони конфронси исломӣ ба ҳисоб меравад. Дар назар аст, ки дар кори ин ҳамоиши бузурги сатҳи байналмиллалӣ наздики сад ҳайати намояндагон  аз давлатҳои хориҷаи дуру наздик аз ҷумла 56 ҳайат аз давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ иштирок менамоянд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги сиёсию байналмиллалӣ доштани ҳамоиши мазкур  таъкид гардид, ки  барои дар сатҳи баланду хотирмон гузаронидани иҷлосия аз тамоми имконоту захираҳо самаранок истифода бурда шавад. Дар анҷоми кори ҷаласа Сарвазири мамлакат Оқил  Оқилов ба аъзои  Кумитаи тадорукот ва шахсони дигари масъул ҷиҳати тезонидани корҳои омодагӣ  ва дар сатҳи баланд гузаронидани  чорабинии мазкур  дастуру супоришҳои мушаххас дод.        

Май 5, 2010 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад