ДУ ЧОРАБИНИИ БУЗУРГИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дирӯз дар ҳузури Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов маҷлиси Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Иҷлосияи 37- уми Шўрои Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ баргузор гардид Дар ҷаласа таъкид гардид, ки аз 18 то 20 -уми майи соли равон бори нахуст дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ду чорабинии бузурги Созмони конфронси исломӣ Иҷлосияи 37-уми Шўрои Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви созмон ва эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳанги исломӣ» дар пойтахти мамлакат доир мегарданд, ки шаҳодати ба мартабаҳои баланд расидани нуфузи Тоҷикистон дар фаъолияти имрўзаи Созмони конфронси исломӣ ба ҳисоб меравад. Дар назар аст, ки дар кори ин ҳамоиши бузурги сатҳи байналмиллалӣ наздики сад ҳайати намояндагон аз давлатҳои хориҷаи дуру наздик аз ҷумла 56 ҳайат аз давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ иштирок менамоянд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги сиёсию байналмиллалӣ доштани ҳамоиши мазкур таъкид гардид, ки барои дар сатҳи баланду хотирмон гузаронидани иҷлосия аз тамоми имконоту захираҳо самаранок истифода бурда шавад. Дар анҷоми кори ҷаласа Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба аъзои Кумитаи тадорукот ва шахсони дигари масъул ҷиҳати тезонидани корҳои омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






