ДЎСТДОРИ КЎДАКОНУ НАВРАСОН

Май 27, 2010 11:23

Турсунзода, 27 май. (АМИТ «Ховар» Ҳотам Рабиев)- Нашриёти «Адиб» китоби шоираи хушбаён Шарифаи Аъламзодро бо номи «Холаҷонам дар боғча» бо теъдоди ҳазор нусха дастраси хонандагон намуд. Маҷмўа бо шеърҳои кўдаконаи шоира ва расму мусаввараҳои зиёду ҷолиб хеле ходанбоб аст. Шарифаи Аъламзод – хатмкардаи  факултаи физикаи Донишгоҳи миллӣ буда, солҳои зиёд мудири боғчаи бачагонаи рақами 10-и шаҳри Турсунзода аст. Дар боғчаи мазкур қариб 200 нафар фарзандони коргарони корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи тоҷик» тарбият мегиранд. Шарифаи Аъламзод аз хурдӣ ба эҷоди тарона, шеър, ҳикоя ва қисса машғул буда, то ин дам чанд маҷмўаи эҷодаш нашр гардидааст. Боз ҳам  завқовару дилпазир ва ширину рангин намудани фаъолияти кўдакистонҳо орзўи деринаи шоира – мудири кўдакистони рақами 10-и шаҳри Турсунзода Шарифаи Аъламзод аст.  

Май 27, 2010 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад