ЭКСПОНАТҲОИ ИЛМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР «ЭКСПО – 2001»

Май 17, 2010 11:43

Душанбе,  17 май. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Раиси Академияи  илмҳои  ҷумҳурии  Тоҷикистон  Маҳмадшо  Илолов, ки  дар  намоишгоҳи  байналмилалии «ЭКСПО – 2010»  ҳузур  дошт, ҳамкасбони  худ   аз   мамлакатҳои  ИДМ  ва  намояндагони   вазорати  илму  технологияи  Чинро  ба  толори  Тоҷикистон  даъват  намуда,  ба  онҳо  дар  бораи  экспонатҳои  илмии  толори  Тоҷикистон  маълумот  дод.  Тамошобинон  ба   таърихи  Тоҷикистон,  аз  ҷумла  ёдгориҳои  «Тахти  Сангин», ки   дар  давоми  асрҳои  4 – 3  то  даврони  мо  сохта  шудааст, муҷассамаи  «Раққоса»,  нусхаи  ҳайкали  думетраи  Буддо,  экспонатҳои илмӣ  аз  қалъаи  Ҳулбук, «Бабри  Хатлон»   ва  ғайра   мароқ  зоҳир  намуданд. М.Илолов   дар  ҷавоби  саволи  тамошобинон  дар  бораи   рӯйдодҳои  муҳимтарини  таърихи  халқи тоҷик  ва  ҳаёти  имрӯзаи  он  маълумоти  ҷолиби  диққат ва шавқовар дод. Мутахассисони  Италия  ба   муҷассамаи  «Модагурги  Румӣ»  мароқ  зоҳир  намуданд, ки   нусхаи  аслии он  дар  қасри  Капитолии  Рим   гузошта  шудааст. М.Илолов   нақл  кард, ки   муҷассамаи  мазкур  дар  натиҷаи  кофтукови  бостоншиносон  таҳти  роҳбарии   олими  тоҷик Нӯъмон  Неъматов  аз   шаҳристони  Бунҷикат – пойтахти  давлати  Усрушана – Қалъаи  Қаҳ – Қаҳа  ёфт  шудааст.  Таҳқиқоти олимон  нишон  медиҳад, ки  Осиёи  Марказӣ  дар  вақташ   яке  аз   нуқтаҳои  марказии  Ҷодаи  бузурги   абрешим  буда,  мамлакатҳои  Ғарбу  Шарқро бо  ҳам  мепайваст.  

Май 17, 2010 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад