«ЕВРОСТАНДАРТСТРОЙ» ТАХТАСАНГҲОИ ХОРО НАСБ МЕНАМОЯД

Май 4, 2010 14:19

Душанбе, 4 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар майдони назди муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон -шоҳ Исмоили Сомонӣ тахтансангҳои хоро барчида мешавад. Алҳол, дар ин ҷо беш аз 20 нафар сохтмончиёни ширкати «Евростандартстрой» ба чидани тахтасангҳои хоро машғуланд. Аз муассисаи давлатии сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки қаблан дар майдони мазкур тахтаҳои бетонӣ насб карда шуда, буд, ки он бар асари сардии аз меъёр зиёди зимистони  соли 2008 хароб гардид. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин майдон, ки масоҳаташ 4 ҳазору 50 метри мураббаъро ташкил медиҳад,  тахтасангҳои хоро, ки аз Чин ворид карда шудааст,  насб менамоянд. Тахтасангҳои хоро устувор ва ба хунукии аз меъёр зиёд тобовар аст. Муассисаи давлатии сарраёсати ободонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фармоишгар ва ширкати сохтмонии «Евростандарстрой» пудратчиии корҳои барчидани тахтаҳои санги хоро дар майдони назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ мебошанд. Барчидани тахтасангҳои хоро дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе сурат гирифта, он то моҳи августи соли ҷорӣ ба анҷом расонида мешавад.

Май 4, 2010 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд