ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕАТРҲОИ КАСБӢ ДАР ХУҶАНД

Май 17, 2010 16:26

Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрўз, 17 май дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ ифтитоҳ меёбад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, шурўъ аз имрўз дар театри мазкур ҳунарпешагони 13 театр аз ҷумла, Театри давлатии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ,  Театри драмавии русии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Чкаловск, Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский, Театри драмавии ўзбекии ба номи Ш. Бурҳонови ноҳияи Спитамен, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара ва ғайра намоишномаҳои нави худро пешкаши ҳаводори санъат хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки дар кушодашавии ҷашнвора муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев ва намояндагони ҳукумати вилояти Суғд ширкат меварзанд.

Май 17, 2010 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд