ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕАТРҲОИ КАСБӢ ДАР ХУҶАНД
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрўз, 17 май дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ ифтитоҳ меёбад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, шурўъ аз имрўз дар театри мазкур ҳунарпешагони 13 театр аз ҷумла, Театри давлатии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри драмавии русии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Чкаловск, Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский, Театри драмавии ўзбекии ба номи Ш. Бурҳонови ноҳияи Спитамен, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара ва ғайра намоишномаҳои нави худро пешкаши ҳаводори санъат хоҳанд кард. Бояд гуфт, ки дар кушодашавии ҷашнвора муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев ва намояндагони ҳукумати вилояти Суғд ширкат меварзанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






