ХАБАРИ БАРДУРӮҒИ «ЦЕНТРАЗИЯ. РУ»
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Сайти интернетии «ЦентрАзия.Ру» 14 май мақолаи Латиф Кабиров ном мухбири худро таҳти унвони «Дар Тоҷикистон ба қисми ҳарбӣ ҳуҷум оварданд» чоп кардааст. Дар мақола бо истинод ба намояндаи прокуратураи низомии Тоҷикистон хабар дода мешавад, ки шахсони номаълум охири моҳи апрел шабона ба хизматчиёни ҳарбии комендатураи марзбони «Бӯстон» — и Раёсати артиши марзбони «Суғд» — и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳуҷум оварданд. Онҳо аз марзбонон 12 автомати Калашников ва тирдонҳои онҳоро кашида гирифта, ба самти номаълум ғайб задаанд. Дафтари матбуоти Раёсати умумии марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки хабари мазкур комилан дурӯғ буда, ягон асоси воқеӣ надорад. Роҳбари дафтари матбуоти раёсати мазкур Хушнуд Раҳматуллоев зикр намуд, ки тӯли рӯзҳои гузашта ба ягон қисми ҳарбии артиши марзбони Тоҷикистон ҳуҷум карда нашудааст. Ҳамаи қисмҳои ҳарбии дар сарҳади давлат ҷойдошта мувофиқи тартиботи муқаррарӣ кор мекунанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






