ХАРБУЗАЮ КАДУ АРЗОНУ ФАРОВОН МЕШАВАД

Май 24, 2010 09:00

Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ,то 20 – уми майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз  13 ҳазору 101 гектари барои кишти картошка пешбинишуда дар масоҳати 6643 гектар  картошка кишт гардидааст, ки баробари 50,7 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Кишти сабзавот бошад, тибқи дурнамои вазорати мазкур 21 ҳазору 491 гектарро ташкил медиҳад, ки   то 20 – уми май дар  масоҳати 16 ҳазору 321 гектар кишт гузаронида шудааст. Хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ) бо мақсади  ба даст овардани даромади хуб соли ҷорӣ ният доранд, ки кишти зироатҳои полезиро зиёд намоянд. Бинобар ин, соли ҷорӣ ба ҷойи 9406 гектар дар  майдони 11 ҳазор гектар кишти зироатҳои полезиро анҷом доданд. Танҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –и вилояти Хатлон ба ҷойи 5 ҳазор гектар 8328 гектар кишти зироатҳои полезӣ гузарониданд, ки шояд ба арзонию фаровонии ин навъи маҳсулот дар соли ҷорӣ мусоидат намояд.  

Май 24, 2010 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад