ХАРБУЗАЮ КАДУ АРЗОНУ ФАРОВОН МЕШАВАД
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ,то 20 – уми майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз 13 ҳазору 101 гектари барои кишти картошка пешбинишуда дар масоҳати 6643 гектар картошка кишт гардидааст, ки баробари 50,7 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад. Кишти сабзавот бошад, тибқи дурнамои вазорати мазкур 21 ҳазору 491 гектарро ташкил медиҳад, ки то 20 – уми май дар масоҳати 16 ҳазору 321 гектар кишт гузаронида шудааст. Хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ) бо мақсади ба даст овардани даромади хуб соли ҷорӣ ният доранд, ки кишти зироатҳои полезиро зиёд намоянд. Бинобар ин, соли ҷорӣ ба ҷойи 9406 гектар дар майдони 11 ҳазор гектар кишти зироатҳои полезиро анҷом доданд. Танҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) –и вилояти Хатлон ба ҷойи 5 ҳазор гектар 8328 гектар кишти зироатҳои полезӣ гузарониданд, ки шояд ба арзонию фаровонии ин навъи маҳсулот дар соли ҷорӣ мусоидат намояд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






