ХОНАҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ЗАРАРДИДАГОН

Май 14, 2010 10:06

Хуҷанд,  14 май. (АМИТ «Ховар»,  Санавбар  Мақсудова). —  Раиси  вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода  дирӯз  бо  раисони  шаҳру  ноҳияҳо,  роҳбарони  бонкҳо ва  соҳибкорону  тоҷирони  вилоят  машварати  корӣ  гузаронид. Иштирокчиёни  машварат  пешниҳодоти  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмонро  дар  маҷлиси  ғайринавбатии  ҳукумати  ҷумҳурӣ  дар  бораи  расонидани  кӯмак  ба  зарардидагони фалокати табиӣ дар  шаҳри  Кӯлоб  дастгирӣ  намуданд.  Дар  маҷлис  қарор  дода шуд, ки   аз  ҳисоби  вилояти  Суғд  дар  шаҳри  Кӯлоб  маҳаллаи  истиқоматии  «Сомониён»  бунёд  карда шавад. Дар  маҳаллаи  мазкур  40  хонаи  истиқоматӣ  сохта  хоҳад шуд. Муовини  раиси  вилоят  Ғафурҷон  Ҳакимов  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки   ҳамаи  биноҳоро  сохтмончиёни  вилояти  Суғд  месозанд. Биноҳои  нав  инчунин  бо  асбобу  анҷоми  зарурии  рӯзгор,  аз  ҷумла,  яхдону  телевизор ва мебел  таъмин  карда  хоҳанд  шуд,  гуфт Ғ.Ҳакимов.

Май 14, 2010 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад