ИҶРОИ ВАЪДАИ ОБИ ТОЗА ЗЕРИ СУОЛ АСТ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуоти корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ, бо истифода аз имкониятҳои худ аҳли кормандони корхонаи мазкур дар давоми соли ҷорӣ дар доираи даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва «Барномаи беҳтар намудани вазъи таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2007 – 2020» аҳолии шаҳрҳо ва маркази ноҳияҳоро ба қадри зарурӣ бо оби тоза таъмин менамод. Ин ваъдаи кормандони КВД хоҷагии манзилию коммуналӣ дар мавридест, ки дар доираи амалӣ шудани марҳилаи сеюми лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ), дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бинобар гузаронида нашудани тендери пудратчиён корҳои барқарорсозии системаҳо оғоз нагардидаанд. Бар зами ин тибқи нақша, баҳри татбиқи барнома дар миқёси ҷумҳурӣ 10, 458 ҳазор сомонӣ маблағ бояд ҷудо мегардид, дар асл бошад аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1,268 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки иҷрои ваъдаи КВД Хоҷагии манзилию коммуналиро баҳри таъмини оби тоза зери суол мегузорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






