ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ НАВИ КОРКАРДИ ПАХТА ДАР ПОЙТАХТ

Май 6, 2010 14:54

Душанбе, 6 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 6 май дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия – Ҷамъияти муштараки масъулияташ маҳдуди «Душанбе-Текс», ки ба коркарди нахи пахта махсус гардонида шудааст,  ба фаъолият шурӯъ кард. Дар маросими ифтитоҳи он Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирок ва сухан карда, ифтитоҳи корхонаи нави саноати нассоҷиро фоли неке аз рушди саноати нассоҷӣ дар пойтахт арзёбӣ намуд. Бояд зикр кард, ки корхонаи мазкур иқтидори солонааш коркарди  4 ҳазор тонна нахи пахта аст. Бо фаъолият шурӯъ кардани он,  150 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. ҶМММ «Душанбе-Текс» аз ба маблағи 4 миллиону 577  ҳазор доллари америкоӣ ташкил карда шуда, он бо дастгоҳҳои муосири наддофӣ, шонакунӣ, пилтаресӣ ва ресандагии истеҳсоли ширкати «Риттер»-и Шветсария муҷаҳҳаз гардидааст. Корхона дар се баст фаъолият намуда,  дар он риштаҳои хушсифати пахтагини Nm 10 (Teх 100), Nm 20 (Тex50), Nm 34 (Tex30),  Nm ), Nm40 (Tex25)  ва  Nm 50 (Tex20), ки ҷавогӯи талаботи ҷаҳонӣ мебошанд истеҳсол карда мешаванд. Аз риштаҳои истеҳсолшудаи корхонаи мазкур дар ҶДММ «ИИ Нассоҷи Тоҷик» матоъҳои хушсифати ба рақобати бозори ватанию ҷаҳонӣ тобовар истеҳсол карда мешаванд.

Май 6, 2010 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд