ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД…
Душанбе, 1 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон аз 27 то 29 апрел бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ конфронси илмии-назариявӣ доир гардид. Дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд. Конфронс як навъ натиҷагирӣ аз фаъолияти илмию тадқиқотии омӯзгорону донишҷўён буд. Дар донишкада ба таълифи корҳои илмӣ — тадқиқотӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ду нафар омӯзгори донишкада рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Дар ин муддат се китоби дарсии устодони донишкада нашр гардид. Донишҷўён низ ба корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд ва барои конфронси навбатӣ маърӯзаҳои зиёд омода гардид.- гуфт ректори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Нидоев Н.Ф. Сипас таи ду рӯз дар масъалаҳои назарияи иқтисодӣ, фаъолияти бонкӣ, бахши молия ва андоз, таъини нарх ва суғурта, бозори меҳнат ва таҳлили иқтисодӣ, иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ маҳфилҳо баргузор гардиданд. Дар доираи ин бахшҳо устодону донишҷўён мавзӯҳои алоҳидаро таҷлил ва баррасӣ намуда, мубодилаи афкор карданд. Маърӯзаҳои нотиқон бо истифода аз воситаҳои техникии замонавӣ, компютеру асбобҳои аёнӣ пурмазмуну ҷолиб буд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






