ИМЗОИ ҚАРОРДОДИ ҲАМКОРӢ
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар»). — Мудири иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии ИДМ Арман Симбатян ва мудири намояндагии ЮНЕСКО дар Маскав Дандев Бадарч 25 май дар Маскав барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ қарордод имзо карданд. Қайд карда шуд, ки ҳадафи ҳамкорӣ истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар соҳаи маълумоти касбию техникӣ мебошад. Вазоратҳои маорифи давлатҳои ИДМ, муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ, мактабҳои ҳунаромӯзӣ ва сохторҳои дигари давлатҳои ИДМ дар ин бобат самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд. А.Симбатян аҳамияти калони ҳамкории Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ ва ЮНЕСКО – ро дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил махсус таъкид намуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






