ИСТЕҲСОЛИ 650 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 3- юми августи соли 2007 «Дар бораи Барномаи коркарди пурраи нахи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, дар давраи то соли 2015», дар назди хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ вазифа гузошта шудааст, ки истеҳсоли пахта ба 650 ҳазор тонна ва нахи он ба 210 ҳазор тонна расонида шавад. Боис ба ёдоварист, ки соли 2009 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 250 ҳазор тонна пахта истеҳсол ва захира карда шудааст. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки тайёр кардани ин миқдор пахта танҳо дар сурате мумкин аст, ки агар сифати тухмӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии замини кишт ва истифодаи хуби агротехникаи пахта ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин амалӣ шудани қарори мазкур дар сурате мумкин аст, ки бо тавсияи олимон аз селексияи серҳосили навъҳои пахтаи «Сорбон», «Ҳисор», «Хуҷанд -67», «НС -60», ки офаридаи олимони тоҷик мебошанд ва ҳосилнокии баланд доранд, истифода карда шавад,- мегӯяд президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ, профессор Ҳукматулло Аҳмадов.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






