ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ НАМОЯНДАГОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ ДАР НАТО
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар»). — Намояндагони доимии давлатҳои ИДМ – Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина дар НАТО изҳороти муштарак дарҷ намуданд. Дар изҳорот ба муқобили таҷдиди назар кардани натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон эътироз баён карда мешавад. Матни изҳоротро намояндаи доимии Русия дар НАТО Дмитрий Рогозин дар маҷлиси навбатии Шӯрои ҳамкории мамлакатҳои Аврупо ва ҳавзаи уқёнуси Атлантика қироат намуд, ки 12 май дар Брюссел баргузор гардид. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳар гуна кӯшиши таҳрифи аҳамияти таърихии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва тағйир додани хулосаҳо дар бораи вазъияти ҳамон давра ғайри қобили қабул мебошад. Боварӣ дорем, ки ҳамаҷониба ва софдилонаю воқеъбинона омӯхтани таърихи Ҷанги дуюми ҷаҳон ба мусолиҳа ва қаробати халқҳои Аврупо мусоидат хоҳад кард. Қайд карда мешавад, ки башарият имрӯз ба таҳдидҳои ҷиддӣ ба амният, зуҳуроти идеологияи миллатгароии навбаромад, ифротгароӣ, хусумати миллӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Дар чунин шароит таҷрибаи муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди ҷомеаи ҷаҳон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон барои таъмини ғалаба ва рушди муттасили ҷаҳон аҳамияти махсус пайдо мекунад. Мамлакатҳои мо ҷонибдори ҳамкории ҳамаҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ буда, азми қавӣ доранд, ки якҷоя амал карда, барои таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ, суботи вазъият ва бартараф сохтани муноқишаҳо танҳо бо роҳу воситаҳои мусолиматомез тамоми тадбирҳоро андешанд. Намояндагони давлатҳои ИДМ дар НАТО ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро даъват намуданд, ки изҳороти мазкурро дастгирӣ карда, барои роҳ надодан ба барқарор гардидани фашизм кӯшиш ба харҷ диҳанд.