КӮЧОНИДАНИ МАРДУМИ ОФАТЗАДА БА МАНЗИЛИ ЗИСТ

Май 26, 2010 15:54

Кӯлоб, 26 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон  Холов). — Бар  асоси  иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Кӯлоб Сӯҳробшо Фаррухшоев кӯчонидани  мардуми  офатзада  аз  хаймаҳои   муваққатӣ     ба  ҷои  зисти доимӣ оғоз  гардид. Ба  гуфтаи  ин манбаъ  то  ин  ҷониб  беш аз 100 нафар офатзадагон аз хаймаҳо ба ҷои зисти доимӣ    кӯчонида шуда, дигари онҳо баъди ду рӯз ба маҳаллаҳои нав     кӯчонида мешаванд. Мавриди зикр аст, ки сохтмони хонаҳои  истиқоматии зарардидагон аз офати табиӣ дар шаш маҳалла аз  тарафи  вазоратҳо   ва  шаҳру  ноҳияҳо  оғоз  гардида, кор дар ин самт  муташаккилона ҷараён дорад. Муродалӣ Алимардонов сардори ситоди бартарафсозии  оқибатҳои  офати  табиӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳамаҷониба аз  шароити зисти зарардидагон воқиф буда, вазъи тандурустӣ, таъмини хӯрок ва таъмини ҷиҳозҳои хоби онҳоро зери  назорати қатъии худ гирифтааст, — афзуд  С. Фаррухшоев. 

Май 26, 2010 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд