КӮЧОНИДАНИ МАРДУМИ ОФАТЗАДА БА МАНЗИЛИ ЗИСТ
Кӯлоб, 26 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бар асоси иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Кӯлоб Сӯҳробшо Фаррухшоев кӯчонидани мардуми офатзада аз хаймаҳои муваққатӣ ба ҷои зисти доимӣ оғоз гардид. Ба гуфтаи ин манбаъ то ин ҷониб беш аз 100 нафар офатзадагон аз хаймаҳо ба ҷои зисти доимӣ кӯчонида шуда, дигари онҳо баъди ду рӯз ба маҳаллаҳои нав кӯчонида мешаванд. Мавриди зикр аст, ки сохтмони хонаҳои истиқоматии зарардидагон аз офати табиӣ дар шаш маҳалла аз тарафи вазоратҳо ва шаҳру ноҳияҳо оғоз гардида, кор дар ин самт муташаккилона ҷараён дорад. Муродалӣ Алимардонов сардори ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳамаҷониба аз шароити зисти зарардидагон воқиф буда, вазъи тандурустӣ, таъмини хӯрок ва таъмини ҷиҳозҳои хоби онҳоро зери назорати қатъии худ гирифтааст, — афзуд С. Фаррухшоев.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






