КӮДАКОНРО АЗ ФАЛАҶИ ШАДИД НАҶОТ МЕДИҲАНД

Май 4, 2010 16:36

Душанбе,  4 май. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Имрӯз, 4 майи соли ҷорӣ дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи  эмкунии умумии кӯдакон бар зидди бемории фалаҷи шадид (полиомиелит) оғоз гардид. Бо ин мақсад дар Вазорати тандурустии ҶТ нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ, Ташкилоти Умумуиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ширкат намуданд. Вазири тандурустии мамлакат Нусратулло Салимов дар баромад худ қайд намуд, ки  то имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 206 нафар ба ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 32 нафар ташхиси лаборатории худро ёфтанд ва 1 ҳолати фавт низ мавҷуд аст. Бояд тазаккур дод, ки ягона роҳи пешгирии ин беморӣ гузарондани эмкунӣ дар байни кӯдакон мебошад. Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва дастгирии ТУТ ва Хазинаи кӯдакони СММ ба ҷумҳурӣ ба таври фаврӣ ба миқдори 3,960 ҳазор ваксина ворид шуд.  Эмкунӣ дар се давра дар байни кўдакони 6 сола, ки 1 100 000 нафарро ташкил медиҳанд, гузаронида мешавад. Даври якум аз 4 то 8 май, даври дуюм аз 18 то 22 май ва даври сеюм аз 1 то 5 июни соли ҷорӣ гузаронида мешавад.        

Май 4, 2010 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад