КӮМАК БА ФАЛОКАТЗАДАГОН
Хоруғ, 12 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба аҳолии аз боришҳои тӯлонӣ зарардидаи минтақаи Кӯлоб дасти ёрӣ дароз мекунад. Муовини раиси вилоят Аваз Гиёев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки масъалаи расонидани кӯмак ба зарардидагон дар маҷлиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳар ноҳияи вилоят ният дорад, ки ба зарардидагон то ҳадди имкон кӯмак расонад. Тибқи қарори қабулшуда рӯзҳои наздик ба зарардидагон ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва миқдори зиёди масолеҳи бинокории истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ фиристода мешавад. Чунин кӯмак дар оянда низ ба онҳо расонида хоҳад шуд, гуфт А.Гиёев.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






