КӮМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ БЕЛОРУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Ҳукумати Ҷумҳурии Белорусия муроҷиати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи расонидани кӯмак вобаста ба боришҳои тӯлонӣ, омадани сел ва обхезӣ дар қисмати ҷанубии мамлакат ба инобат гирифта, қарор дод, ки ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонад. Аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белорусия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳаҷми кӯмаки башардӯстона қариб 40 тоннаро ташкил медиҳад. Кӯмаки башардӯстона аз шакар, ширқиём, навъҳои гуногуни консерва, кампалҳои гарм ва собун иборат аст. Ҳамаи ин рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон фиристода мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






