КӮМАКИ БРИТАНИЯ БА ТОҶИКИСТОН

Май 21, 2010 12:56

Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳукумати Британияи Кабир барои мубориза бар зидди касалиҳои сирояткунанда ва беҳтар намудани вазъи саломатӣ ба се муассисаҳои илмии Ҷумхурии Тоҷикистон кӯмаки лозимаи молиявӣ мерасонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафоратхонаи Британияи Кабир хабар доданд. Ҳукумати Британияи Кабир қарор додаст, ки  барои рушди фаъолияти донишкадаҳои тиббии профлактикӣ ва  зоологияву паразиталогия, ҳамчунон  маркази Ҷумхуриявии санитарию эпидемиологӣ дар шахри Душанбе кӯмаки молиявӣ ва маслиҳатҳои илмии коршиносӣ расонад. Ин муассисаҳои илмӣ оид ба касалиҳои эндемикӣ, микроорганизмҳои касалиовар ва касалиҳои трансмиссионӣ бахри беҳбудии саломатии мардуми кишвар корҳои муҳими илмӣ мебаранд. Кӯмаки молиявии Ҳукумати Британияи Кабир асосан аз таъмини  асбобҳои муҳими замонавӣ, ки ба муайян ва пешгирӣ намудани касилиҳои сирояткунанда дар Ҷумхурии Тоҷикистон мусоидат менамояд, иборат мебошад. Донишкадаи тибби профилактикӣ оид ба «абовирусҳо», ки сабаби пайдошавии касалиҳои бо зудӣ сирояткунанда, мисли вараҷаи геморрагии Крими Конго мебошад, кори илмӣ мебарад. Донишакадаи зоология ва паразитология оид ба касалиҳои трансмиссионӣ, мисли вараҷаи тропикӣ (малярия)  тадқиқот мебарад ва маркази Ҷумхуриявии санитарию эпидемиологӣ бошад касалиҳоеро, ки ба воситаи об мегузаранд ва дар дарёҳои ҳамсарҳадии водии Фарғона ҳастанд, меомузад. Лоиҳаи охирин аз ҷониби Ҳукумати Канада маблағгузорӣ карда мешавад ва дар он олимони Ҷумхурии  Қиргизистон низ ширкат менамоянд. Бо ин мақсад дирӯз Сафири Британияи Кабир дар Ҷумхури Тоҷикистон  Тревор Мурр барои шиносоӣ бо ҳамкориҳои, ки аллакай дар байни мутахассисони Британияи Кабир ва Тоҷикистон дар Донишкадаи зоология ва паразиталогия сар шудааст, ташриф овард.  «Аллакай муҳити хубӣ ҳамкори муҳайё гардидааст. Мутахассисони ҳар ду кишвар таҷрибаи як дигарро дар мубориза бар зидди вараҷаи тропикӣ (малярия) омухта истодаанд», — афзуд сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон. Муассисаҳои машҳури Британияи Кабир, аз қабили Оҷонсии ҳифзи саломатӣ, мактаби гигиена ва тибби тропикии Лондон ва осорхонаи миллӣ-таърихӣ ба кормандони муассисаҳои мазкур дар давоми се соли идомаи лоиҳа маслиҳатҳои коршиносӣ ва омӯзишҳо мегузаронанд. Ин лоиҳа зери ҳимояи Маркази байналмилалии илмӣ  ва технологӣ дар шаҳри Душанбе амалӣ хоҳад гашт. Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ин ташаббуси Ҳукумати Британияи Кабирро хайрамақдам гуфта, омодагии хешро барои дастгирии ин иқдоми якҷоя ва рушди минбаъдаи  муассасаҳои илмии мазкур дар Тоҷикистон изҳор намуд.    

Май 21, 2010 12:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст